Соҳаҳо ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР ЗАРФИ 25 СОЛ


Истиқлолият неъмати бебаҳо ва таърихиест, ки шаҳду таровати онро танҳо инсонҳои бошарафу соҳибфарҳанг ва дорои тафаккури баланди инсонӣ дарк карда метавонанд. Истиқлолият омили таҳкимбахши заминаҳои муҳими маънавӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангию башардӯстӣ буда, роҳу равиши халқу миллатамонро муайян намуд.

Ба бахти миллати азизу сарбаланди тоҷик дар охири асри 20 Истиқлолияти воқеӣ ва ба дасти хеш навиштани тақдир насиби мо гардид ва ин воқеаи фараҳбахшу бесобиқаи таърихӣ баъди садсолаҳои тохту този аҷнабиёну бемоягон ва бефарҳангу кучиёни биёбонӣ дар ин марзу бум, моро ба ҷаҳони амалӣ намудани орзую омоли гузаштагонамон таҳрик дод.

Нигоҳ накарда ба нооромиҳои тарҳрезинамудаи душманони дохилӣ ва хориҷӣ дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар, хиради азалӣ ва андешаи волои инсонии миллати тоҷик бо ба сари қудрат омадани сарвари оқилу дурандеш ва хирадманду тавоно Эмомалӣ Раҳмон барои аз байн бурдани ин нобасомониҳо ва расидан ба ваҳдату ягонагӣ шароит фароҳам овард. Кишвари тозаистиқлол ва миллати тоҷик аз парокандагиву нобудӣ раҳо ёфт.

Инак, 25 соли Истиқлолияти кишварро пеши назар оварда, бо боварӣ метавон гуфт, ки дар ҳеҷ давру замон миллати мо табоҳкору вайронкор набуда, ба ҷуз ободиву роҳи илму дониш роҳи дигаре напаймуда аст. Дар давоми ҳамагӣ 25 соли соҳибистиқлолии миллӣ он қадар дигаргунию ободкориҳо ва шукуфоиву пешравиҳо ба амал омадааст, ки нодида гирифтану сарфи назар кардани онҳоро ба ҷуз курии дилу чашм ва ношукриву носипосӣ, чизи дигаре гуфтан номумкин аст. Кушода шудани аввалин нақбҳо, ки орзуву тахайюлоти ширини ҳазорсолаҳои ниёгонамон ба шумор мерафт, роҳҳои ҳамвори ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, корхонаҳои зиёди саноатии гуногун, ба фаъолият оғоз намудани ду Истгоҳи Барқию Обӣ (Сангтуда-1 ва Сангтуда-2), оғози бунёди Истгоҳи Обию Барқии калонтарин дар Осиёи Миёна- «Роғун», кушода шудани роҳҳои оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб, Ваҳдат-Ёвон-Қурғонтеппа, кушода шудани хатҳои ҳавоии зиёд ба кишварҳои гуногун, бунёди муассисаҳои нави таълимиву фарҳангӣ ва майдонҳои варзишӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, бунёди садҳо боғҳои мевадиҳанда, ба роҳ мондани нашри садҳо рӯзномаю маҷаллаҳо, афзудани теъдоди шабакаҳои радиою телевизион, сохтмон ва ба истифода дода шудани садҳо биноҳои маъмурию толорҳои фарҳангӣ ва истироҳату фароғатгоҳҳо аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва иттиҳоду якдилии мардуми кишвар мебошанд.

Яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолият ин рушди соҳаи маориф, пайдо шудани муассисаҳои таълимии нав дар мисоли литсею гимназияҳо, мактабу литсейҳои президентӣ, коллеҷҳо, муассисаҳои таълимии ҷавобгӯ ба талаботи имрӯзи пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, таҳия ва нашри китобу дастурҳои таълимӣ дар доираи арзишҳои миллӣ, компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, 60 дарсад зиёд шудани муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 50 дарсад афзудани шумораи мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятиму бепарастор ва имконияташон маҳдуд, таҳия ва қабули даҳҳо ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи маориф ва раванди нав ва ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ шудани соҳаи маориф буда, барои пешрафти он шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд.

Дар ин муваффақиятҳо ва пешравиҳои соҳаи маориф нақши хонандагону кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҳам ба чашм мерасад, ки дар ин росто аз он ифтихор доштан ва барои боз ҳам нақши қавитар гузоштан, корҳои зиёдеро ба анҷом расонидан зарур аст.

Таълиму тарбияи насли наврас аз зинаи муассисаҳои томактабӣ шурӯъ шуда, сипас дар дигар зинаҳо идома меёбад. Боиси зикр аст, ки дар ҳамаи кишварҳои пешрафтаи олам, кӯдакони дар муҳлати муайян дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таълим нагирифта, ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ қабул карда намешаванд. Ин аст, ки дар ин кишварҳо дар доираи 3 моҳ ҳам бошад, кӯдакон ба боғча фаро гирифта мешаванд ва сипас роҳи онҳо ба мактаб кушода мегардад. Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба соҳаи муассисаҳои томактабӣ такони ҷиддиеро дар ин самт ба бор овардааст. Айни замон, дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Инчунин дар ноҳия 23 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 17 буҷавӣ , 2 идоравӣ ва 4 хусусӣ фаъолият намуда истодааст. Дар кӯдакистонҳо 101 гурӯҳ ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 2740 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Афзудани аҳолии пойтахт омили зиёд шудани хоҳишмандони ба муассисаҳои томактабӣ супоридани кӯдаконашон гардидааст. Ҳар рӯз даҳҳо нафар шаҳрвандон ба шуъбаи маориф оид ба масъалаи мазкур муроҷиат менамоянд, ки барои ниёзи онҳоро баровардан дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд.

Дар ду соли охир дар ҳудуди ноҳия ду муассисаи таълимии ҳозиразамон МТМУ №8, №62 ва ба хотири ҷалби бештари кӯдакон аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ду муассисаи томактабӣ азнавсозӣ гардида, дар назди як муассисаи томактабӣ бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Соли 2015 кӯдакистони №41 бо маблағи 527460 сомонӣ, кӯдакистони №62 бо маблағи 3 559000 сомонӣ азнавсозӣ гардида, барои қабули якчанд гурӯҳҳои дигари иловагӣ шароит фароҳам оварда шуд.

Дар назди боғчаи №45 бо маблағи 3 116940 сомонӣ бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд, ки аз се ошёна иборат буда, барои қабули 4 гурӯҳ бо тамоми шароитҳои мусоиди замонавӣ омода шудааст.

Кӯдакистони №17 аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо маблағи 447662 сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар доираи 56530 сомонӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин гардида, барои қабули кӯдакон дар он дар доираи талаботи имрӯз шароит фароҳам оварда шуд.

Дар ин давра барои истироҳати бофароғати хонандагон аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Шарора”, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, лулаҳо, дару тирезаҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 пурра иваз карда шуданд.

Аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ филиали муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 азнавсозӣ шуда истодааст.

Бояд таъкид намоем, ки дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мутахассисони дорои таҳсилоти олии педагогӣ- психологӣ намерасанд ва ин омил барои ҳамкории шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо донишгоҳҳое, ки чунин мутахассисонро омода менамоянд, замина гузоштааст. Ҳар сол, дар рӯзи дарҳои кушоди муассисаҳои таҳсилоти олии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода хатмкунандагонро сафарбар намуда, барои тайёр намудани мутахассиони оянда замина муҳайё гардида истодааст. Таъмини муассисаҳои томактабӣ бо дастурҳои таълимию тарбиявӣ, бозичаҳои гуногун, компютер ва дигар воситаҳои нави техникӣ дар доираи маблағҳои суратҳисоби махсуси ин муассисаҳо ва маблағҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷудо мегарданд, ба амал бароварда мешавад. Бояд таъкид намуд, ки дар ин ҷода ҳам норасоиҳо ба чашм мерасанд ва махсусан таҳия ва нашри дастурҳои таълимӣ барои ин зинаи таҳсилот дар доираи талаботи рӯз ҷавобгу нест. Бештари мураббияҳо бо сабаби надоштани маълумоти даркорӣ дар ҷумҳурӣ бо кӯдакон чи гуна муносибат карданро намедонанд. Маҳз ҳамин нукта шуъбаи маорифро водор намудааст, ки барои аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандон ва мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ ва дастрас намудани дастурҳои ёрирасону таълимӣ ва барои маълумот гирифтани кормандону мураббияҳо аз пайвастан ба шабакаи байналмилалии Интернет дар ин муассисаҳои таълимӣ чораҳои аввалиндараҷа андешад.

Компютеркунонии муассисаҳои таълимии ноҳия 154% иҷро шуда, ҳамаи онҳо ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст гардидаанд. Ин омил барои боз ҳам баланд гардидани сифати таҳсилот, омӯзиши васеи технологияи ҳозиразамон, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дарёфти маълумотҳои зарурӣ оид ба фанҳои гуногун шароит муҳайё намудааст. Яке аз сабабҳои ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар дохил шудани бештари хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ маҳз дастрасии онҳо ба омӯзгорони соҳибтаҷриба, дастрасии доимӣ ба компютер ва фаъол будани шабакаи байналмилалии Интернет дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки қисмати бештари маркази шаҳри Душанберо фаро мегирад, 20 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 5 литсею гимназия фаъолият дорад, ки дар онҳо насли наврас ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 28053 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, 1155 нафар омӯзгор ба онҳо таълим медиҳад. Таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ бо назардошти ба маблағгузории сарикасӣ гузаштани онҳо ҳар сол ба роҳ монда шуда, харидории таҷҳизоти техникию таълимӣ дар доираи ҳамин маблағгузорӣ пиёда карда мешавад. Тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маблағгузории сарикасии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия суратҳисобҳои махсуси бонкии худро кушодаанд, ки дар сурати ворид намудани кумаку дастгириҳои соҳибкорон, падару модарон ва ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ маблағҳо танҳо тавассути бонкҳо вориди муассисаҳои таълимӣ мегарданд.

Омили асосии пешрафти соҳаи маориф ва баланд гардидани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ таъмини онҳо бо омӯзгорони дорои тафаккури баланди педагогӣ ва дониши замонавӣ мебошад. Лев Толстой нависандаи бузурги ҷаҳонӣ гуфтааст: «Агар омӯзгор муҳаббат ба касби худ ва муҳаббат ба хонандаро бо ҳам пайвандад, ӯ омӯзгори ҳақиқӣ аст». Маҳз муҳаббати омӯзгор, донишмандии ӯ, башардӯстӣ ва инсонгароии ӯ, ростандешию тозатабиатии ӯ метавонад муҳаббати кӯдакро ба ӯ бедор намояд.

Ҳамасола тибқи нақшаи солонаи шуъбаи маориф озмунҳои касбӣ дар ҳудуди муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуда, ғолибони даври ноҳиявӣ дар асоси дархост ба даври шаҳрии озмунҳои касбӣ роҳхат мегиранд. Таи 25 соли охир муассисаҳои таълимии ноҳия ва омӯзгорон ғолибони озмунҳои касбӣ дар сатҳи шаҳри Душанбе гаштанд.

Ғолиби озмуни “Мактаби сол”: 2007-Гимназияи №53, 2011- МТМУ №13, 2015-МТМУ №52

Ғолиби озмуни “Директори сол”: 1998- Каримова Матлуба, 2011- Сатторова Гулрӯ, 2014-Боронов Азизбек,

Ғолиби озмуни “Муаллими сол”: 2003- Ахмедова Шаҳрӣ, омӯзгори Гимназияи №53, 2004-Давлатова Меҳринисо, омӯзгори МТМУ №34, 2011-Коробкина Вероника, омӯзгори МТМУ №1

Ғолиби озмуни “Кӯдакистони сол”: 2000- ширхоргоҳи №104, 2005-кӯдакистони №59

Ғолиби озмуни “Мудири кӯдакистони сол”: 2009-мудири кӯдакистони №149 Убайдова Зулфия, 2013- мудири кӯдакистони №45 Шарипова Наргис

Ғолиби озмуни “Мураббии сол”: 2007- мураббии кӯдакистони №12 Холибекова Садриой, 2013-мураббии кӯдакистони №12 Қурбонова Мавлуда

Истиқлолият имконият дод, ки дар соҳаи маорифи кишвар маҳз ҳамин омил муҳаббати омӯзгор ба хонанда ва муассисаи таълимӣ ба назар гирифта шуда, барои ба кор ҷалб намудани онҳо шароит фароҳам оварда шуд.

Дар соҳаи маорифи пойтахт ва ноҳияҳои он тариқи озмун омӯзгорони муҳаббат ба касбу ҳунари омӯзгорӣ дошта қабул карда шуда, барои ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб намудани онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шуд. Ин аст, ки дар ду соли охир муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Имоили Сомонӣ пурра бо омӯзгорон таъмин гардида, аксар аз курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд ва шароити аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани онҳо дар ҳар панҷ сол дар нақшаи панҷсолаи шуъбаи маориф ворид карда шудааст.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ