Баротзода Диловар Раҳмон - Роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия

Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав (рӯзона), соли 2011 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусравро (ғоибона) хатм кардааст.
Солҳои 1996-1997-муҳандиси муассисаи коммуналии ноҳияи Кушониён, аз соли 1997 то 2002 – таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав, солҳои 2003-2004-сармутахассиси шӯъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Кушониён, солҳои 2004 -2009 – мудири шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси ноҳияи Кушониён, соли 2009 (08.12) – мутахассиси шӯъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, солҳои 2009 – 2015-мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар, соли 2015 (09.12)-сардори шӯъбаи кадрҳои Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – и Роғун” шаҳри Душанбе, солҳои 2015 – 2016-муовини директори Генералии ҶДММ «Ал-Ҷалил», шаҳри Қӯрғонтеппа, солҳои 2016 – 2017-мудири шӯъбаи кор бо маҳаллаҳои дастгоҳи раиси шаҳри Бохтар,
аз 30 марти соли 2017 – роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, таъин шудааст.
Вазъи оилави: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.