Қодирзода Руслан Раҷаб - Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Соли 2009 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон хатм намудааст.
Фаъолият ва собиқаи корӣ:
Солҳои 2007-2009 Иқтисодчии Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «АРИС – Групп», шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2010 Мутахассиси пешбари шуъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва иттилоотию маҷмўии Раёсати таҳлили макроиқтисодӣ ва иттилоотию маҷмўии Вазорати рушди иқтисод ва
савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2012 Мутахассиси пешбари Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва муносибатҳои молиявию қарзии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2015 Сармутахассиси Маркази аналитикии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2017 Сардори Раёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва рушди бахши хусусии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2017-2020 Сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе
Солҳои 2020-2023 Муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2023, №566 ба вазифаи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.