ИСТИҚЛОЛ — МАКТАБИ БУЗУРГИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

08.09.2026 16:37

 
«Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар баробари нигоҳ дошта тавонистани ҳастии худ дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд».
Эмомалӣ Раҳмон
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо як санаи муҳими тақвимӣ ё марҳилаи ҳуқуқии соҳибихтиёрии давлат нест. Истиқлол барои миллати мо оғози марҳилаи нави таърихӣ, эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои васеи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ мебошад.
35 соли Истиқлоли давлатӣ роҳи пурпечутоб ва пуршарафи давлатдории навини Тоҷикистонро дар бар мегирад. Дар оғози ин марҳила кишвар бо мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хатари парокандашавии давлат ва ҷомеаро ба миён овард. Аммо бо барқарор гардидани сулҳу субот, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва саъю талошҳои пайвастаи давлату миллат барои бунёди ҷомеаи нав шароити мусоид фароҳам омад.
Имрӯз, дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назар афкандан ба роҳи тайкарда моро водор месозад, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолиро на танҳо аз рӯйи шумораи иншоот, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, балки аз рӯйи дигаргунии тафаккури ҷомеа, таҳкими худшиносии миллӣ ва ташаккули насли нав арзёбӣ намоем.
Дар ин раванд рушди маориф ва фарҳанг аҳаммияти хос дорад. Зеро давлатдории миллӣ бе ҷомеаи соҳибмаърифат ва фарҳангӣ устувор буда наметавонад.
Агар давлатро ба як қасри бузург монанд кунем, таҳкурсии онро маориф ташкил медиҳад. Давлате, ки ба мактаб, омӯзгор, илм ва дониш такя мекунад, ба ояндаи худ эътимод дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфт. Натиҷаи ин сиёсатро пеш аз ҳама дар рушди муассисаҳои таълимӣ ва афзоиши фарогирии кӯдакону ҷавонон ба таҳсил метавон мушоҳида кард.
Агар дар соли таҳсили 1991–1992 дар ҷумҳурӣ 3179 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта бошад, дар соли таҳсили 2025–2026 шумораи онҳо ба 4056 муассиса расидааст. Аз ин шумора 272 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 308 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 3476 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар баробари афзоиши шумораи муассисаҳои таълимӣ, теъдоди хонандагон низ ба таври назаррас зиёд шудааст. Агар соли таҳсили 1991–1992 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1 миллиону 325 ҳазору 400 нафар хонанда таҳсил мекарданд, дар соли таҳсили 2025–2026 ин рақам ба 2 миллиону 462 ҳазору 7 нафар расидааст.
Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низ ба 136 ҳазору 116 нафар расидааст.
Ин рақамҳо танҳо омори хушку холӣ нестанд. Дар паси ҳар рақам мактаб, синфхона, омӯзгор ва ҳазорон орзуи кӯдакона қарор дорад. Ҳар мактаби нав имконияти нави таҳсил ва ҳар омӯзгори соҳибтаҷриба сармояи маънавии миллат мебошад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар давоми 35 соли истиқлол дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ, 262 муассисаи нави таҳсилоти томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ин раванд нишон медиҳад, ки маориф дар сиёсати давлатии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи стратегии рушди инсон ва давлат арзёбӣ мегардад.
Дар даврони истиқлол таҳсилоти олӣ низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид.
Агар соли 1992 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 70,6 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекарданд, соли 2025 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 51 адад ва теъдоди донишҷӯён ба зиёда аз 226 ҳазор нафар расидааст.
Имрӯз дар низоми таҳсилоти олии кишвар 18 донишгоҳ, 24 донишкада, 3 академия, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва 5 филиал фаъолият мекунанд.
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати маориф фароҳам овардани имконият барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Айни замон зиёда аз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар 42 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд, ки тақрибан 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи хос ба рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳанд.
Имрӯз рақобати давлатҳо танҳо дар майдони иқтисод сурат намегирад. Дониш, технология, илм ва сатҳи маърифати шаҳрвандон ба муҳимтарин омили пешрафти кишварҳо табдил ёфтаанд. Аз ин рӯ, рушди маориф дар асл таҳкими иқтидори миллии Тоҷикистон мебошад.
Тарбиятгари насли нав
Дар маркази низоми маориф омӯзгор қарор дорад. Мактаби муосир бе омӯзгори донишманд, масъулиятшинос ва соҳибкасб наметавонад ба ҳадафҳои худ ноил гардад.
Баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф аз ҷумлаи самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Аз 1 июли соли 2024 музди меҳнати кормандони муассисаҳои таълимӣ 40 фоиз зиёд гардида, аз 1 сентябри соли 2025 музди меҳнати кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ боз 30 фоиз афзоиш дода шуд. Ҳамчунин 1 сентябри соли 2026 машои ҳамаи муссисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад.
Ин тадбирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сармоягузорӣ ба омӯзгор сармоягузорӣ ба ояндаи давлат ва миллат мебошад.
Имрӯз аз омӯзгор танҳо таълими фан талаб карда намешавад. Омӯзгори муосир бояд дар қалби хонанда меҳри Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва талош барои донишомӯзиро парвариш намояд.
Агар маориф зеҳни ҷомеаро ташаккул диҳад, фарҳанг рӯҳи миллатро зинда нигоҳ медорад.
Дар даврони истиқлол омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии тоҷикон ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Эҳёи ҷашнҳои миллӣ, рушди китобдорӣ, осорхонаҳо, театрҳо, санъати мусиқӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба раванди таҳкими ҳувияти миллӣ таъсири муҳим расонд.
Махсусан, эътирофи унсурҳои фарҳанги тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ аҳаммияти бузург дорад. Тоҷикистон имрӯз дар рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО як қатор унсурҳои арзишманди фарҳангиро доро мебошад.
Ба ин рӯйхат Шашмақом, Оши палав, Чакан, Фалак, анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин, донишу малакаҳои истеҳсоли атласу адрас, Сада, Наврӯз, ҳунари сохтану навохтани рубоб, Меҳргон ва фарҳанги пухтани суманак дохил шудаанд.
Ин дастовардҳо нишон медиҳанд, ки фарҳанги тоҷикон танҳо мероси гузашта нест. Он қисми муҳими тамаддуни ҷаҳонӣ буда, метавонад дар муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибфарҳанг нақши муассир дошта бошад.
Тоҷикистон дорои таърихи чандинҳазорсола ва мероси ғании фарҳангӣ мебошад.
Саразм, ки яке аз марказҳои қадимтарини ташаккули шаҳрнишинӣ дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, соли 2010 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Имрӯз Тоҷикистон дар Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО 5 объекти мероси ҷаҳонӣ дорад, ки аз онҳо се объект фарҳангӣ ва ду объект табиӣ мебошанд.
Ҳифзи чунин мерос барои насли имрӯз вазифаи бузурги миллӣ мебошад. Зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад, арзишҳои худро эҳтиром мекунад ва барои ояндаи худ боэътимодтар қадам мегузорад.
Аз ин рӯ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, осори хаттӣ, фарҳанги мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ танҳо кори муассисаҳои фарҳангӣ нест. Ин масъулияти умумимиллӣ мебошад.
Дар низоми фарҳангӣ китобхонаҳо низ мақоми махсус доранд. Китобхона танҳо ҷойи нигоҳдории китоб нест. Он макони мулоқоти инсон бо дониш, андеша, таърих ва фарҳанг мебошад.
Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, китобхонаҳои давлатӣ ва оммавӣ дар яке аз давраҳои ҳисоботӣ 29 ҳазору 895 чорабинии китобӣ, маърифатӣ ва адабию фарҳангӣ баргузор намуда, онҳоро бо фарогирии 690 ҳазору 136 нафар ба роҳ мондаанд.
Шумораи аъзои доимии китобхонаҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба 2 миллиону 638 ҳазору 793 нафар ва теъдоди китобҳои додашуда ба 1 миллиону 663 ҳазору 389 нусха расидааст.
Дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ китобхонаҳо низ бояд ба марказҳои муосири иттилоотӣ ва маърифатӣ табдил ёбанд. Зеро ҷомеаи китобхон ҷомеаи андешаманд аст ва ҷомеаи андешаманд метавонад сарнавишти худро бо хираду дониш муайян намояд.
Имрӯз маориф ва фарҳангро аз масъалаи давлатдорӣ ҷудо тасаввур кардан мумкин нест.
Маориф дониш медиҳад, фарҳанг ҳувиятро ҳифз мекунад.
Маориф тафаккурро месозад, фарҳанг рӯҳи миллатро зинда нигоҳ медорад.
Маориф инсонро ба оянда омода мекунад, фарҳанг ӯро бо гузашта мепайвандад.
Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар рушди маорифу фарҳангро метавон яке аз самтҳои муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ кард.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ бо ҳифзи истиқлолияти маънавӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Миллат бояд дар баробари соҳиб шудан ба донишҳои муосир забон, таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии худро низ ҳифз намояд.
Ҷавони соҳибмаърифат ва худшинос метавонад ҳамзамон шаҳрванди ватандӯст ва шахси рақобатпазир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад.
35 соли истиқлол собит намуд, ки давлатсозӣ раванди якрӯза нест. Ин раванд дониш, ирода, ваҳдат, меҳнати содиқона ва масъулияти шаҳрвандиро талаб мекунад.
Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои созандагӣ дар тамоми кишвар идома доранд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, то моҳи июни соли 2026 аз 29 ҳазор иншооти ба нақша гирифташуда 26 ҳазор адад ба истифода дода шудааст.
Аммо арзиши воқеии истиқлол танҳо дар шумораи иншооти бунёдшуда нест. Арзиши асосии он дар он аст, ки дар ҷомеа ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва масъулият барои ояндаи кишвар таҳким ёфта истодааст.
Имрӯз вазифаи насли ҷавон аз он иборат аст, ки дастовардҳои истиқлолро ҳифз намуда, онҳоро ба заминаи рушди минбаъдаи давлат табдил диҳад.
Барои сохтани давлати пешрафта пеш аз ҳама инсони пешрафта лозим аст. Инсонеро, ки дониш дорад, фарҳангро эҳтиром мекунад, таърихи худро медонад, Ватанро дӯст медорад ва барои ободии он саҳм мегузорад.
Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик мактаби бузурги давлатдорӣ ва худшиносии миллӣ гардид. Дар ин мактаб миллат сабақи сулҳу ваҳдат, давлатсозӣ, созандагӣ, маърифат ва масъулияти таърихиро омӯхт.
Дар ин раванд маориф ва фарҳанг ду рукни муҳими давлатдории миллӣ мебошанд. Маориф насли соҳибдонишро тарбия мекунад, фарҳанг бошад хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллиро ҳифз менамояд.
Имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди худ ворид мешавад. Дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳим — баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм ва технология, таҳкими фарҳанги миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва тарбияи насли рақобатпазир қарор доранд.
Ин вазифаҳо танҳо бо сохтмони мактабҳо ва муассисаҳои фарҳангӣ ҳал намешаванд. Бунёди давлати пешрафта пеш аз ҳама аз тарбияи инсони соҳибмаърифат, худшинос, ватандӯст ва масъулиятшинос оғоз мегардад.
Истиқлол моро соҳиби давлат кард. Ҳифз, таҳким ва ободии ин давлат бошад, масъулияти муқаддаси насли имрӯз дар назди Ватан ва наслҳои оянда мебошад.
Пас, агар мактаб чароғи дониш бошад, китобхона дарвозаи маърифат аст; агар фарҳанг оинаи миллат бошад, истиқлол сипари давлатдории миллӣ мебошад.
Ва маҳз бо такя ба илм, маориф, фарҳанг, худшиносӣ, ваҳдат ва меҳнати созанда метавон Тоҷикистонро ба сӯи фардои боз ҳам устувор, пешрафта ва соҳибнуфуз раҳнамоӣ кард.
Истиқлол — на танҳо озодии имрӯз, балки масъулияти бузурги фардост.
Нурзода Раббонӣ-директори МД «Маркази таҳсилоти иловагӣ»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ.