ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ 35-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

08.09.2026 15:49

 
Имрӯз, мо дар арафаи яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин санаҳои таърихи давлатдории навини Тоҷикистон — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони шарафманди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кулли ҳамватанони азизро ба муносибати ин санаи муҳими таърихӣ табрику муборакбод менамоям.
Дар воқеъ, Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон рамзи давлатдории миллӣ, соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар мебошад.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ бо сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо ташаббусҳои ҷаҳонӣ тавонист дар арсаи байналмилалӣ дар мудати кӯтоҳ ҷойгоҳи шоистае, барои худ касб намояд.
Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва ташаббускор шинохта шуда, мизбони чандин чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ гардидааст.
Новобаста аз вазъи ҷаҳони муосир дар заминаи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бунёди иншооти гуногун идома дошта, он дар рушду шукуфоӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат хоҳад намуд.
Имрӯз ҳар як шаҳру ноҳия ва ҳар як маҳаллаи кишвар барои омодагӣ ба ин ҷашни бузурги миллӣ як қатор корҳои ободонию созандагиро ба сомон расонида истодаанд. Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе низ дар ин раванди муҳими давлатсозӣ ва ободонӣ корҳои назаррасро амалӣ намудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188, инчунин қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, барои солҳои 2022–2026 Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардид.
Дар доираи нақшаи мазкур 850 чорабинӣ пешбинӣ шуда, бо ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва истифодаи маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ корҳои зиёди созандагӣ ба анҷом расонида шуданд.
Бо дарназардошти ташаббусҳои иловагӣ, 1051 адад чорабинӣ амалӣ гардид, ки он 124 фоизи нақшаи пешбинишударо дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии корҳои анҷомдодашуда бошад, ба 3,3 миллиард сомонӣ баробар гардидааст.
Натиҷаҳои панҷ соли корҳои созандагӣ дар ноҳия воқеан назаррас мебошанд. Дар соҳаи маориф дар маҷмуъ 14 бинои муассисаҳои барои 5004 ҷой, дар соҳаи тандурустӣ 3 иншооити соҳа барои 100 кат ва дар соҳаи саноат 19 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 1480 ҷойи нави корӣ амалӣ карда шудааст.
Дар самти роҳсозӣ дар маҷмуъ 21,1 километр роҳ сохта ва азнавсозӣ гардида, дар 400 ҳазор метри мураббаъ роҳҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Бояд қайд намуд, ки дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор иншоотҳои давлатӣ, аз ҷумла Маҷмааи биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати адлия, Вазорати рушди иҷтисод ва савдо, Суди Олӣ, Кумитаи муҳити зист, Вазорати тандурустӣ, Театри миллӣ ва ғайраҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки ин биноҳои замонавӣ ба ҳусни пойтахти азизамон шукуҳу шаҳомати хосса зам намудааст.
Илова бар ин, то охири соли ҷорӣ ба истифода додани ду адад меҳмонхонаи замонавӣ ва як адад “Маркази муосири саломатӣ” барои 150 кат дар назар дошта шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи нақшаи 35-солагии Истиқлолият дар ноҳия бунёди 100 адад бинои баландошёнаи истиқоматӣ, рангубори 120 адад биноҳои баланд ва миёнаошёна, азнавсозии 34 нуқтаи партовпартоӣ, бунёди 32 адад маркази савдо ва хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ амалӣ гардида, мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Бо дастгирии соҳибкорон ва шахсони саховатпеша корҳои иловагии ободонию бунёдкорӣ низ васеъ ба роҳ монда шуданд. Аз ҷумла, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ, иншооти хизматрасонӣ, истгоҳҳои нақлиётӣ, тарабхонаю ошхонаҳо ва иншооти варзишӣ пурра амалӣ гардид.
Инчунин, бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани иқтидори истеҳсолии ноҳия ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, то охири соли ҷорӣ ба истифода додани 4 корхонаи нави саноатӣ барои 200 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст.
Ин ҳама дастовардҳо шаҳодати он мебошанд, ки 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ на танҳо як ҷашни миллӣ, балки марҳилаи муҳими корҳои созандагӣ, рушди иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Махсусан қайд менамоям, ки ободии ноҳия ва пойтахти азизамон пеш аз ҳама натиҷаи меҳнати содиқонаи ҳар як сокин, корманди соҳа, соҳибкорону шахсони ватандӯст ва шахсони ташаббускор ба ҳисоб меравад.
Дар охир бори дигар, 35-умин солгарди Истиқлоли давлатиро ба кулли ҳамдиёрони гиромӣ ва ҳамватанони азиз самимона табрик гуфта, сиҳату саломатӣ, хотири ҷамъ ва дар рӯзгори ободу осудаатон файзу баракат орзу менамоям.
Бигзор нури ҷонбахши офтоби Истиқлол ҳамеша ҷовидон ва рӯҳафзои мо бошад!