МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ САРБОЗОНУ КУРСАНТОНИ ДОНИШКАДАИ ОЛИИ САРҲАДИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМИНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
05.09.2026 18:20

Имрӯз, 5 сентябри соли 2026 бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯрӣ бо оростани дастархони идона баргузор карда гардид.
Дар чорабинии мазкур мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия ва роҳбарияти Донишкада иштирок намуданд.
Нахуст, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Назарзода Манучеҳр табрикоти Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба сарбозону афсарон бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”.
Дар идома роҳбарияти Донишкада суханронӣ намуда, барои боздид аз буду боши сарбозону афсарон ва курсантон, аёдати онҳо ва оростани дастархони идона дар арафаи таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Пас аз мулоқот барои афсарону сарбозон ва курсантон дастархони идона ороста шуд.