МУЛОҚОТУ ВОХӮРӢ ВА ОРОСТАНИ ДАСТАРХОНИ ИДОНА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ САРБОЗОНУ АФСАРОНИ ҚИСМИ ҲАРБИИ 02615 "Г"_и ВАЗОРАТИ МУДОФАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
03.09.2026 17:48

Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе дар робита ба таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар қисми ҳарбии 02615 "г"_и Вазорати мудофаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту вохӯрӣ бо оростани дастархони идона баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қодирзода Ҷовидон Қодир, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия иштирок намуданд.
Нахуст, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Ҷовидон Қодир табрикоти Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба сарбозону афсарон бахшида ба 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида, иброз намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки “Воқеияту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем”.
Дар идома роҳбарияти қисми ҳарбӣ суханронӣ намуда, барои боздид аз буду боши сарбозону афсарон, аёдати онҳо ва оростани дастархони идона дар арафаи таҷлили ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Пас аз мулоқот барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.