РАСОНИДАНИ ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА АҲЛИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
02.09.2026 08:41

Санаи 1 сентябри соли 2026, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб ҷиҳати расонидани паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил ба Муассасаи давлатии таълимии литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Зимни суханронӣ Раиси ноҳия хонандагонро ба муносибати оғози соли нави таҳсил самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи донишандӯзӣ ва таҳсилоти босифат комёбиҳо орзу намуданд.
Ҳамзамон, таъкид намуданд, ки хонандагон бояд аз имкониятҳои фароҳамгардида самаранок истифода намуда, бо баҳои хубу аъло таҳсил кунанд ва барои азхуд намудани донишҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва ҷаҳонбинии худ пайваста талош намоянд.
Дар идома, таъкид шуд, ки дар давоми 35 соли соҳибистиқлолӣ, бо татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маориф ва илм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфта, барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди қобилиятҳои зеҳнии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Илова бар ин, Раиси ноҳия зикр намуданд, ки сиёсати созанда ва дурбинонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба рушди низоми маориф, бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани муҳити муосири таълиму тарбия мусоидат намуда, барои насли наврас имкониятҳои васеи донишандӯзӣ ва худтакмилдиҳиро фароҳам месозад.
Дар ин замина, хонандагон ба истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, азхуд намудани донишҳои замонавӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳидоят гардиданд.
Дар фарҷом Раиси ноҳия ба омӯзгорон барои меҳнати пурмасъулият ва саҳми арзандаашон дар таълиму тарбияи насли оянда изҳори сипос намуда, ба хонандагон дар соли нави таҳсил комёбиҳои тозаи таълимӣ, азму иродаи қавӣ ва дастовардҳои назаррас орзу намуданд.