ИФТИТОҲИ ФИЛИАЛИ НАВИ ҶСК «ОРИЁНБОНК» ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
02.09.2026 08:33

Санаи 28 августи соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар доираи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими ифтитоҳи филиали нави ҶСК «Ориёнбонк» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Қодирзода Руслан Раҷаб, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Нигина Умар ва Мусоҷонзода Ҷамила, муовини Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевич, директори филиали ҶСК «Ориёнбонк» Зиёдалии Холмумин, масъулини бонк ва дигар меҳмонон иштирок намуданд.
Ифтитоҳи филиали нави ҶСК «Ориёнбонк» дар заминаи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди низоми молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири бонкӣ сурат гирифта, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо ба сокинон, соҳибкорон ва дигар мизоҷон мусоидат хоҳад кард.
Филиали нави бонк бо мақсади пешниҳоди хизматрасониҳои босифат, саривақтӣ ва муосири молиявӣ, инчунин баланд бардоштани дастрасии аҳолӣ ба имкониятҳои низоми бонкӣ таъсис дода шудааст.
Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори бонкӣ, таъсиси филиалҳои нав ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири молиявӣ аз омилҳои муҳими рушди соҳибкорӣ ва таҳкими низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар ин замина, густариши хизматрасониҳои бонкӣ метавонад барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани имкониятҳои нави молиявӣ ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои молиявӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири низоми бонкӣ барои рушди иқтисоди миллӣ, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ ва таҳкими фаъолияти бахши хусусӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон бо шароити корӣ, имкониятҳо ва номгӯйи хизматрасониҳои филиали нави ҶСК «Ориёнбонк» шинос гардида, аз сатҳи омодагии он барои хизматрасонӣ ба мизоҷон дидан намуданд.