БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ҶИҲАТИ РУШДИ МАЛАКАҲОИ РАҚАМӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
02.09.2026 08:30

Санаи 27 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоти давлатӣ ва баланд бардоштани сатҳи истифодаи технологияҳои рақамӣ бо ҷалби мутахассисони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Милли Тоҷикистон ва Хадамоти Алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ баргузор гардид.
Семинари мазкур дар доираи чорабиниҳои омӯзишӣ оид ба рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоти давлатӣ гузаронида шуда, дар он мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раис ва мақомот, инчунин кормандони сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Зимни семинар ба иштирокчиён оид ба тарзи истифодаи барномаҳои электронӣ, имкониятҳои низомҳои рақамӣ ва тартиби дурусту самараноки кор бо онҳо маълумоти муфассал пешниҳод гардид.Ҳамчунин, ҷиҳати таҳкими малакаҳои амалии кормандон тарзи истифодаи барномаҳои электронӣ ба таври амалӣ нишон дода шуд.
Дар рафти семинар иштирокчиён ба масъулин саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Дар идома, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки рушди малакаҳои рақамии кормандон ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири иттилоотӣ яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани сифати хизматрасонии давлатӣ ва такмили фаъолияти мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки семинари омӯзишӣ дар доираи тадбирҳои вобаста ба рушди малакаҳои рақамии кормандони мақомоти давлатӣ баргузор гардида, ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандон дар самти истифодаи технологияҳои рақамӣ мусоидат намуд.