ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО СОКИНОНУ ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР АРАФАИ ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
02.09.2026 08:25

Санаи 28 августи соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо кормандони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Муинӣ Мавсума Муинзода муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қодирзода Руслан Раҷаб Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарифзода Нигина Умар ва Ниёзӣ Нуралӣ Сафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон оид ба нақши соҳибистиқлолии давлатӣ дар рушди устувори кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин татбиқи сиёсати созанда ва дурбинонаи Пешвои миллат ибрози назар намуданд.
Дар идома, зикр гардид, ки ҳифзи сулҳу ваҳдат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба масъулини шуъбаву бахшҳо ва сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ таъкид гардид, ки бо идомаи корҳои созандагию ободонӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеа метавон ба дастовардҳои боз ҳам назаррас ноил гардид.