МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ВАРЗОБ ГЭС
21.08.2026 10:13

Санаи 20 августи соли 2026 масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, мудири Бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва намояндаи Прокуратураи ноҳия мулоқотро бо фаъолон ва сокинони маҳаллаи Варзоб ГЭС - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва дигар масъалаҳои рӯзмара баргузор намуд.
Зимни мулоқот оид ба аҳаммияти иқдоми нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон ибрози назар карда шуд.