БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ШАҲРИИ №8" ВА МАРКАЗИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
21.08.2026 08:41

Санаи 19 августи соли 2026 дар доираи нақшаи чорабиниҳои баргузории вохӯриҳо дар сохторҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати пурзӯр намудани пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, инчунин расонидани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи муҳтавои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», пешгирии хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, пешгирии фурӯш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамзамон талаботи риояи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва шарҳи тағйиру иловаҳои воридгардида ба қонунгузорӣ дар самти истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо кормандони Муассисаи давлатии "Маркази саломатии шаҳрии №8" ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологи ноҳия сӯҳбату вохӯрии судманд анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ нозири Раёсати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони хизмати маводи нашъаовар Алиёрзода Наргис, нозири калони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, капитани адлия Нуриддинзода Комрон ва дигар меҳмонону масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои пешгирикунанда ва муқовимат ба коррупсия, ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ, рафъи омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд иброз намуд, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо тибқи Нақшаи тасдиқгардида, дар дигар ташкилоту муассисаҳо ва маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия идома хоҳанд ёфт.