РӮЗИ ДУЮМИ МАШВАРАТҲОИ АВГУСТИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ БАРГУЗОР ГАРДИД.
21.08.2026 08:34

Санаи 19 августи соли 2026, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи дуюми машваратҳои августии кормандони соҳаи маорифи ноҳия баргузор гардид.
Дар машварат ҳайати роҳбарикунандаи муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла директорон, муовинони директорон, муҳосибон, роҳбарони созмонҳои хонандагон, роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ, мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ, сармураббиён, равоншиносон ва китобдорон иштирок намуданд.
Дар кори машварат муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа Аминзода Манижабону иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни суханронӣ масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими масъулияти роҳбарон, омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳо ба соли таҳсили нави 2026–2027 ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маҷидзода Ҷамшед дар назди иштирокчиён суханронӣ намуда, доир ба вазифаҳои аввалиндараҷаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили нав, тақвияти назорати дохилимуассисавӣ, риояи интизоми меҳнат, такмили фаъолияти идоракунӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбар андешаронӣ кард.
Таъкид гардид, ки муваффақияти фаъолияти муассисаи таълимӣ, пеш аз ҳама, аз малакаи идоракунӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва қобилияти роҳбар дар муттаҳид намудани аҳли ҷомеаи меҳнатӣ вобастагии амиқ дорад.
Дар ҷараёни машварат иштирокчиён бо навгониҳои соҳаи маориф, талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, усулҳои муосири идоракунии муассисаҳои таълимӣ, роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рақамикунонии раванди таълим ва такмили ҳамкории муассиса бо падару модарон шинос гардиданд.
Инчунин, масъалаҳои омодагии муассисаҳо ба соли таҳсили нав, таъмини иҷрои барномаҳои таълимӣ, ташкили дурусти коргузорӣ, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таъмини муҳити солиму бехатар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар анҷом миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷиҳати татбиқи навгониҳои соҳа, такмили фаъолияти муассисаҳо ва оғози муваффақонаи соли таҳсили нави 2026–2027 тавсияҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки машваратҳои августии кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзҳои 18–19 августи соли 2026 баргузор гардида, барои муайян намудани самтҳои афзалиятноки фаъолият ва омодагии касбии кормандони соҳа ба соли таҳсили нав заминаи мусоид фароҳам оварданд.