ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТИИ «ТАБЛИҒГАРОНИ ИСТИҚЛОЛ» БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
21.08.2026 08:28

Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ва аъзои гурӯҳи таблиғотию ташвиқотии «Таблиғгарони Истиқлол» бо фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби Раиси ноҳия Қодирзода Руслан Раҷаб ва дигар баромадкунандагон вобаста ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлоли низ ибрози андеша карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба дастовардҳои 35–соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бунафша Файзиддинзода зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон заминаи устувор фароҳам оварда, дар ин давра дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳо корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, нақши занон дар ҷомеа ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ,иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъкид гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими мақоми оила дар ҷомеа, пешгирии зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ андешаронӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза ҳар як шаҳрванд бояд бо дарки баланди масъулият барои ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳм гузорад.