ПОЙДОРӢ ВА УСТУВОРИИ ОИЛА - АСОСИ ҶОМЕАИ СОЛИМ
21.08.2026 08:23

Мутобиқи моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар кишвар таҳти муҳофизати давлат қарор дорад.
ИҚонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кумаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои уҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад.
Тибқи ин қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо он никоҳе эътироф мегардад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст. Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст, эътибори қонунӣ надорад.
Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кудакон дар оила, ғамхорӣ нисбати некӯаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила сурат мегирад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давоми нимсолаи якуми соли 2026 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 79 никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2025 16-то кам аст.
Дар баробари ин, ҳолатҳои бекоршавии никоҳ низ ҷой дорад, ки дар нимсолаи якуми соли 2026 ин шумора 73-то буда, гарчанде назар ба соли гузашта 63 ҳолат кам бошад ҳам, вайрон гардидани ҳатто як оила низ нигаронкунанда мебошад.
Тибқи моддаи 21 Кодекси оила никоҳ аз тарафи суд дар сурати фарзандони ноболиғ доштани зану шавҳар, ба истиснои ҳолатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” пешбинигардида ё дар сурати ба бекор кардани никоҳ розӣ набудани зан ё шавҳар, бекор мегардад.
Никоҳ ба тартиби судӣ, инчунин, дар ҳолатҳое, ки зан ё шавҳар бо вуҷуди мухолиф набуданашон аз бекор кардани никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ саркашӣ менамояд (ариза додан намехоҳад ё барои сабти бекор кардани никоҳ ҳозир намешавад ва ғайра), бекор карда мешавад.
Таҳлил нишон дод, ки дар давраи нимсолаи якуми соли равон ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ 168 (186) аризаи даъвогӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ ворид гардида, 117 (124)-тои онҳо баррасӣ ва 61(67) даъво қонеъ карда шуда, ақди никоҳ бекор гардидааст. Ба боқимонда 57 (65) аризаи даъвогии дигар ба тарафҳо барои оштишавӣ муҳлат дода шудааст.
Чунончи, тибқи талаботи моддаи 22 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баррасии парвандаҳо дар бораи бекор кардани никоҳ, дар сурати розӣ набудани зан ё шавҳар барои бекор кардани никоҳ, суд барои оштӣ додани зану шавҳар тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад.
Вале агар суд муқаррар намояд, ки зиндагии минбаъдаи якҷояи зану шавҳар ва нигоҳ доштани оила имконнопазир аст ва тадбирҳои оштӣ додани зану шавҳар натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, никоҳ бекор карда мешавад. Дар ин маврид агар суд даъвои бекор кардани никоҳро рад кунад, зану шавҳар ҳуқуқ доранд, ки баъди гузаштани се моҳи пас аз рад шудани даъво дар хусуси бекор кардани никоҳ такроран бо аризаи даъво муроҷиат намоянд.
Ҳамчунин, мутобиқи моддаи 23 Кодекси мазкур агар зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд. Дар ин ҳолат ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад. Аммо сарфи назар аз розигии муштараки зану шавҳаре, ки фарзандони ноболиғ доранд, барои бекор кардани ақди никоҳ, суд барои оштӣ додани онҳо тадбирҳо меандешад ва ҳуқуқ дорад, ки баррасии парвандаро мавқуф гузошта, ба зану шавҳар барои оштишавӣ то шаш моҳ муҳлат диҳад.
Аз ҷумла, омӯзиши парвандаҳои оилавӣ дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ нишон дод, ки парвандаҳои оилавӣ оид ба бекор кардани ақди никоҳ дар суд асосан дар доираи тартиби пешбининамудаи моддаҳои Кодекси оила ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муҳлати оштишавии аз ҷониби суд муқарраршуда на ҳама вақт аз ҷониби мақомоти марбута мақсаднок истифода мегардад. Дар натиҷа, дар аксар ҳолатҳо оқибат ин аризаҳо дар суд қонеъ ва ақди никоҳ бекор карда мешавад. Ҳол он ки дар ин муҳлат бояд ҳам мақомоти давлатии марбута ва ҳам институтҳои ҷамъиятӣ бо чунин оилаҳо корбарӣ намуда, аз хизмати ходимони дин, равоншиносон, оилаҳои намунавии маҳал васеъ истифода бурда, аз вайроншавии онҳо ҷилавгирӣ намоянд. Чунки бисёре аз чунин оилаҳо – оилаҳои ҷавон ва соҳиби кудакони хурдсоли аз 1 то 2-сола мебошанд, ки хеле ташвишовар аст. Дар натиҷа, аз сабаби ҷудошавии оилаҳо, гарчанде зану мард низ таъсири равонӣ бинанд, бештар фарзандон азият кашида, пеш аз ҳама ба психологияи онҳо, хулқу рафтор ва таълиму тарбияашон таъсири манфӣ мерасонад.
Ба ғайр аз ин, ин омил, инчунин, дигар мушкилотро на танҳо дар як оила, балки дар ҷомеа ба вуҷуд меорад. Ҷомеа ҳамон вақт солим аст, ки агар оила солим бошад. Давлат ҳамон вақт мустаҳкам аст, ки агар оила пароканда набошад. Пойдевори давлат аз оилаи мустаҳкам ибтидо мегирад.
Чунончи, таҳлили вазъи ҷинояткории ноболиғон нишон медиҳад, ки асосан фарзандони оилаҳои носолим ба ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкунӣ даст мезананд.
Ё баъд аз ҷудо шудани волидон, фарзанд, асосан, дар тарбияи модар монда, ҳам тарбия ва ҳам таъминоти он ба души зан-модар афтида, аз ҷиҳати моддӣ дучори танқисӣ мегарданд. Яке аз мушкилоти рӯзмара ин масъалаи ситондани алимент низ ба ҳисоб меравад, ки зиёдшавии муроҷиати ситонандагон ба Хадамоти иҷро ва мақомоти прокуратура шаҳодати он аст.
Аз ин рӯ, бо мақсади пешгирии ҷудошавии оилаҳо сараввал бояд ба омода будани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, аз рӯйи муҳаббат ва розигии ҳамдигар барпо намудани оила аҳамият дода шавад. Ҳамзамон, ҳангоми ҷой доштани дахолат ба ифодаи иродаи ҷавонон ҷиҳати барпо намудани оила, инчунин пайдо шудани мушкилиҳо дар ҳаёти оилаҳои ҷавон онҳо бояд саривақт бартараф карда шаванд.
Дар робита ба ин, ҳамкории зичи бахшҳои занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, танзими ҷашну маросими мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ходимони дин, равоншиносони касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аз қабили кумитаҳои маҳаллаҳо ва дигар институтҳои ҷамъиятӣ зарур буда, дар ин раванд онҳо дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ, инчунин бо назардошти хусусият ва шароити ҳар як оилаи осебпазир бояд корҳои инфиродиро бо онҳо дуруст ба роҳ монанд, то ки вайроншавии оилаҳоро пешгирӣ ё ҳаддалимкон ба ҳадди нестӣ бубаранд.
Баҳриддин САФАРЗОДА,
Прокурори ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе