ҶАЛАСАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
29.07.2026 10:40

Санаи 24 июли соли 2026 дар толори Литсейи №5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он масъалаи таҳлил ва ҷамъбасти сабабу омилҳои зиёд гардидани ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Дар ҷаласа роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои дахлдор, соҳаҳои маориф, ҷавонон, комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъулин иштирок намуда, вазъи мавҷуда, омилҳои таъсиррасон ба содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон таҳлил карда шуд.
Зимни муҳокима таъкид гардид, ки пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳли маҳаллаҳо аҳаммияти калидӣ дорад.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, тақвияти назорати оилавӣ, самаранок ба роҳ мондани вақти холии наврасону ҷавонон, инчунин густариши чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ ва варзишӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ба сохторҳои масъул супоришҳои дахлдор дода шуданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид карда шуд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдори ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву эҳтиром ба қонун фаъолияти ҳамоҳангшудаи худро боз ҳам тақвият хоҳанд бахшид.