ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРИ ХУҶАНД БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД
21.07.2026 08:09

Санаи 19 июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Боғи Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб,
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Хуҷанд шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳри Хуҷанд бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои шаҳри Хуҷанд дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.