ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД

21.07.2026 08:05

 
Санаи 18 июли соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мирзозода Низом Юсуфӣ, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Амирзода Маҳмуд Ҳамид барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.