ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО СОҲИБКОРОНИ ҲУДУДИ НОҲИЯ ҶИҲАТИ ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБА БА ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17.07.2026 08:34

Дирӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти роҳбарии Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, бо иштироки соҳибкорони ҳудуди ноҳия ва дигар шахсони масъул вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ, сабзкорӣ, таъмиру тармим, рангу бори биноҳо ва ба тартиб даровардани роҳҳои маҳаллӣ, инчунин таъмини тозагии санитариву экологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия соҳибкоронро ба иштироки фаъолона дар корҳои ободониву созандагӣ, амалисозии ташаббусҳои ватандӯстона ва саҳмгузории арзанда ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин ҷашни муҳими миллӣ даъват намуда, таъкид карданд, ки ҳамкории мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар ободу зебо гардонидани пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва муҳайё намудани фазои арзандаи ҷашн нақши муҳим дорад.