БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

17.07.2026 08:26

 
Санаи 16 июли соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар шаш моҳи соли 2026 бо доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Нахуст, Раиси ноҳия Қодирзода Руслан Раҷаб нишасти матбуотиро ҳусни оғоз бахшида, барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомот ва муаррифиву инъикоси дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба кулли рӯзноманигорон миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки фаъолияти худро баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе равона намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамзамон, Раиси ноҳия муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро давоми шаш моҳи сипаригардида ба саҳми рӯзноманигорон расонида, сипас ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолият, нишондиҳандаҳои рушди иҷтимою иқтисодӣ ва вазифаҳо барои давраи минбаъда ба таври мушаххас ва муфассал посух гуфтанд.
Дар интиҳо Раиси ноҳия ба рӯзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолона ва баёни андешаҳои ҷолиб, ки ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар ноҳия мусоидат мекунад, изҳори сипос намуда, ба нишасти матбуотии ноҳия ҳусни анҷом бахшиданд.