ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ФАРХОР БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД
12.07.2026 16:50

Дирӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Фархор бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам Раҳим, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор Умаров Мансурҷон, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб,
Раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Фархор шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ноҳияи Фархор бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси ноҳияи Фархор Назирӣ Зариф барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои ноҳияи Фархор дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.