АХБОРОТИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ
11.07.2026 13:16

10 июли соли 2026 дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум ахбороти прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Сафарзода Баҳриддин Сафар оид ба вазъи қонуният дар ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Ахбороти прокурори ноҳия ба инобат гирифта шуда, аз рӯи ин масъалаи рӯзномаи иҷлосия Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қарори дахлдор қабул намуд. Тибқи қарори мазкур дар назди комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва масъулини соҳа вазифагузорӣ карда шуд, ки:
-талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукӣ”-ро ба пуррагӣ риоя намуда, назоратро дар самти дар муҳлатҳои муайяншуда баррасӣ гардидани онҳо пурзӯр намоянд;
-қабули шаҳрвандонро дар рӯзҳои муайяншуда дар сатҳи баланд ба роҳ монда, вобаста ба расидагӣ намудан ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон чораҳои саривақтиро роҳандозӣ намоянд;
-вобаста ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд;
-дар баргузории суҳбату вохӯриҳо бо сокинон вобаста ба масъалаҳои риояи тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр намудани мубориза ба зидди ҷинояткорӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба муроҷиат ба мақомоти давлатӣ, муқовимат ба коррупсия, экстремизму терроризм, нашъаҷалобӣ, риояи талаботи “Қоидаҳои сохт ва бехатарона истифодабарии аттраксионҳо”, низомномаи комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, риояи рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, тарғиб накардани либосҳои фарҳанги бегона, истифодаи самараноки нерӯи барқ, роҳ надодан ба ғасби замин ва сохтмонҳои ғайриқонунӣ, сари вақт пардохт намудани андозҳо ва дигар хизматрасониҳои коммуналӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд;
-инчунин, дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби ноболиғон корҳои амалиро ба роҳ монда, дар раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ масъалаҳои таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии таълимгирандагон, риояи меъёрҳои санитарию гигиениро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд;
-ҳамзамон, дар самти пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон тавассути амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти омодасозии онҳо ба ҳаёти мустақилона, пешгирии дахолати шахсони сеюм ба зиндагии ҷавонон ва дар умум муносибатҳои носолим дар оила, чораҳои судманд андешида шавад;
-дар ин раванд ташвиқу тарғиби қонунҳо ҳамчун воситаи муҳими пешгирии ҷинояту қонунвайронкуниҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон васеъ ба роҳ монда шавад.
Талаб карда шуд, ки оид ба масъалаҳои мазкур то ҷамъбасти соли 2026 унвонии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ахбороти муфассал пешниҳод карда шавад