БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ШАШУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ

11.07.2026 11:36

 
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳиявӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тадсиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:
?️ Ҳисоботи муовини якуми Раиси ноҳия оид ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2022, №251 «Дар бораи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2026» дар ноҳия;
?️ Ахбороти Прокурори ноҳия оид ба вазъи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2026;
?️ Ҳисоботи муовини соҳавии Раиси ноҳия оид ба ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи
бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ноҳия;
?️Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз
ҳавзаи интихоботии №4;
?️ Гузориши Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Оид ба одоби вакилон» дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №31;
?️ Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;
?️ Дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии №31;
?️Дар бораи ташкили Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоби
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳавзаи интихоботии №31;
?️Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро дар ноҳия ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия камари ҳиммат банданд.