ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ ШАҲРҲОИ БӮСТОН, ГУЛИСТОН ВА ИСТИҚЛОЛ БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД
06.07.2026 15:50

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлоли вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси шаҳри Бӯстон - Нуруллозода Фирӯза, Раиси шаҳри Гулистон - Пӯлодзода Илҳом, Раиси шаҳри Истиқлол - Маҳмудзода Қаюмҷон ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси шаҳри Бӯстон - Нуруллозода Фирӯза, Раиси шаҳри Гулистон - Пӯлодзода Илҳом, Раиси шаҳри Истиқлол - Маҳмудзода Қаюмҷон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.