ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ НОҲИЯИ ВОСЕЪ БО ШУКУҲУ ШАҲОМАТИ ХОСА БАРГУЗОР ГАРДИД
06.07.2026 14:40

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Ирам»-и шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Восеъ бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабӣ пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе - Фақерзода Рустам Раҳим, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб, Раиси ноҳияи Восеъ - Шарифзода Ҷамшед Раҳмон ва дигар меҳмонону масъулин иштирок намуданд.
Зимни боздид меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Восеъ шинос гардида, ба сатҳу сифати маҳсулоти пешниҳодшуда баҳои баланд доданд.
Ҳамзамон, аҳли фарҳанг ва ҳунармандони ноҳияи Восеъ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангиву консертӣ, суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсу оҳангҳои миллӣ табъи иштирокчиёнро болида гардонида, фарҳангу суннатҳои неки миллати тоҷикро муаррифӣ намуданд.
Дар доираи чорабинӣ Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Қодирзода Руслан Раҷаб ба Раиси ноҳияи Восеъ - Шарифзода Ҷамшед Раҳмон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва муаррифии дастовардҳои ноҳияи Восеъ дар пойтахти кишвар Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомониро тақдим намуд.
Бояд зикр кард, ки баргузории рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, рушди муносибатҳои фарҳангӣ, муаррифии дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар доираи омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.