"МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ-РӮҲАН НИЗ МУҚТАДИР ВА ШИКАСТНОПАЗИР АСТ"

06.07.2026 14:35

 
Санаи 4 июли соли 2026 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини оммавияти варзиш ва таҳкими солимии миллат, зимни мулоқот бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ санаи 23 майи соли 2013 баён гардидааст, ки ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ "Рӯзи варзиш" эълон карда шавад, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои қатъии Пешвои муаззами миллат, ки санаи 17 июли соли 2025 дар Маҷлиси васеи ҲХДТ иброз намуданд, дар машқи пагоҳирӯзӣ иштироки ҳамаи масъулини соҳаҳо ҳатмист, ки дар доираи он аз ҷониби роҳбарият ва кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кормандони Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳал, КВД БАҶТ "Амонатбонк", Макази миллии тестӣ, муассисаҳои тандурустӣ, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар Муассисаҳои таҳсилоти олии ҳудуди ноҳия машқи пагоҳирузӣ таҳти унвони "Зебоӣ, тавоноӣ ва доноӣ аз варзиш аст" дар Боғи "Аҳмади Дониш" доир карда шуд.
Дар рафти машқи пагоҳирӯзӣ зиёда аз 100 нафар иштирок намуда, 50 нафарашонро бонувон ташкил доданд.