БО ТАШАББУСИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

06.07.2026 14:32

 
Санаи 3 июли соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маҷлисгоҳи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда: нақши маориф дар татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабиниро мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷамшед Маҷидзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ аз аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, нақши соҳаи маориф дар тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва саҳми омӯзгорон дар баланд бардоштани маърифати сиёсиву шаҳрвандии ҷомеа ёдовар шуд.
Ҳамоиш ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (солҳои 2027–2036)», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, доир карда шуд.
Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода ва сиёсатшиноси маъруфи тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, вобаста ба аҳамияти ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон, нақши маориф дар таҳкими сулҳу субот, тарбияи насли ҷавон ва тақвияти арзишҳои миллӣ андешаронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мудирони муассисаҳои таълимии томактабӣ, муовинони директорон оид ба корҳои тарбиявӣ, омӯзгорони фанҳои ҷомеашиносӣ ва дигар кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фаъолона иштирок намуда, атрофи мавзӯи ҳамоиш мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш таъкид гардид, ки татбиқи чунин ташаббусҳо барои таҳкими фарҳанги сулҳ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва тарбияи насли ояндасоз аҳамияти бузурги таърихӣ ва байналмилалӣ дорад.