ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МАҲАЛЛИИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОН ДАР НАЗДИ МУОВИНИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
03.07.2026 08:08

Санаи 2 июли соли 2026 дар толори Муассисаи давлатии" Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" ҷаласаи навбатии Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон ва варзишгарон дар назди муовини Раиси ноҳия доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Раиси Шуро, котиби масъули Шуро, роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, аъзоёни Шуро, гирандагони стипендияи Президентӣ, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъоли ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Раиси Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижабону Аминзода ифтитоҳ намуда, ба кори он шуруъ намуданд.
Тибқи тартиб гузориши котиби масъули Шуро, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Исмоили Сомонӣ -Назарзода Манучеҳр шунида шуда, оид ба фаъолияти бахш дар нимсолаи якуми соли 2026 ҳисобот дода шуд.
Баъд аз суханронии масъулин муовини Раиси Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон дар назди Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ суханронӣ намуда, барои пешбурди соҳа дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Дар рафти баргузории ҷаласа аз ҷониби роҳбари дастгоҳи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати тақвият додани намояндагиҳои Шурои маҳаллии кор бо ҷавонон дар маҳал ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту корхонаҳои ҳудуди ноҳия, мақсаднок истифода бурдани майдончаҳои варзишӣ, ҷалби бештари хонандагони фаъолу лаёқатманд ба озмунҳои илмиву фаннӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар фароварди ҷаласаи мазкур як қатор кормандони муассисаҳои олии касбии ҳудуди ноҳия, ҷавонон, варзишгарон ва гирандагони стипендияҳо ҷиҳати саҳмгузоштан дар рушду пешрафти соҳаи ҷавонон ва варзиши бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии таъсисдодаи мақомоти иҷроия қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин довталабоне, ки ғолиби озмуни стипендияи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардида буданд, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроия маблағи стипендия тақдим карда шуд.
Дар оғоз ва фарҷоми ҷаласа суруди милли садо дод.