РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

30.06.2026 08:39

 
РИСОЛАТИ ҶАҲОНИИ СУЛҲОФАРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Басо рамзӣ ва мояи ифтихор аст, ки дар остонаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ ташаббуси навбатии баналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии амиқ ёфта, қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” қабул гардид.
Санади мазкур аз ҳамаи давлатҳо даъват менамояд, ки дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор ва арҷгузорӣ ба он дар ҳамаи сатҳҳо талош варзанд.
Ин аз як ҷиҳат, бори дигар, аз обрӯю нуфузи баланди сиёсӣ бархӯрдор будани Сарвари давлати моро дар арсаи байналмилалӣ нишон дода, аз дигар ҷиҳат шаҳодати ин аст, ки ташаббусҳои байналмилалии ин абармарди сиёсат ҳамеша саривақтӣ ва мубрам буда, барои рафъи мушкилиҳои глобалӣ равона шуда, ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми тамоми сайёраи Замин бармехӯранд.
Қобили зикр аст, ки ташаббуси навбатии Пешвои миллат дар пасманзари вазъи кунунии ҳассоси ҷаҳон аз пештара дида басо зарурӣ, ҳаётан муҳим ва саривақтӣ мебошад, зеро имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни Ҷаҳон ҷангу низоъҳои мусаллаҳона идома доранд, ки ҳамарӯза ҷони ҳазорон одамонро рабуда, боиси харобазор гаштани шаҳрҳои як вақтҳо ободу зебо гашта истодаанд.
Бахусус, шаклу усулҳои нави бо истифода аз технологияҳои нави рақамӣ ва аслиҳаи муосир пеш бурдани ҷанг имконияти дар муҳорибаҳои ҷангӣ зинда мондани сарбозонро бамаротиб кам карда, дар баробари ин боиси марги ҳазорон одамони осоишта мегардад. Дар чунин шароит ҳатто як соат хомӯш шудани алангаи ҷанг ва оташбас метавонад муъҷиби зинда мондани ҳазорон одамон гардад. Дар чунин сурат, худ қазоват кунед, ки ба шарофати ин ташаббуси инсонпарваронаи Сарвари давлати тоҷикон дар давраи як даҳсола қатъ шудани ҷангу низоъҳои мусаллаҳона дар сайёра сабаби аз марг наҷот ёфтани чӣ қадар одамони сайёра мегардад (бахусус, дар шароите, ки вақтҳои ахир дар суханрониҳои баъзе сиёсатмадорон истилоҳоти “ҷанги сеюми ҷаҳон”, “силоҳи ҳастаӣ” ва монанди инҳо шунида мешавад).
Ин ташаббус боз аз он ҷиҳат қобили қабул ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, ки он танҳо як навъ рамзӣ набуда, балки самимӣ ва қатъӣ, ба хотири воқеан қатъ шудани ҷангҳо дар сайёра аз ҷониби сиёсатмадори сатҳи ҷаҳоние ироа гардид, ки аз рӯзҳои аввали ба арсаи сиёсати бузург қадам ниҳодан рисолаташ сулҳофарӣ буда, ба шарофати хиради азалӣ ва ниҳоди сулҳпарваронааш ҷангро на танҳо дар сарзамини худ хомӯш гардонд, балки паҳн шудани алангаи онро ба дигар кишварҳои минтақа пешгирӣ намуд; шахсе, ки оқибатҳои харобиовари ҷанг ва самари сулҳро на аз рӯи шунидаҳо, балки аз таҷрибаи ҳаёт, дар таҷрибаи фаъолияти сиёсиаш бо чашми худ дидаю новобаста ба мушкилиҳо, бо заҳмати шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои шахсӣ сулҳ овард; шахсе, ки таҷрибаи сулҳофариаш мавриди омӯзиш ва пазироии ҷаҳониён гаштааст.
Агар таваҷҷуҳ кунем, тибқи ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон шудааст, ки боз ҳам аз хирадмандӣ ва дурандешии Пешвои миллат , Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад ва суханрониҳои аввалини Ӯро дар Иҷлосия тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ ба ёд меорад, ки мегуфтанд: “ман ба Шумо сулҳ меорам”, “агар мо имрӯз пеши ҷанги барордаркуширо нагирем миллати тоҷик аз байн меравад ва наслҳои оянда мову шуморо намебахшанд” ва амсоли ин суханоне, ки ифодагари рисолати сулҳпарваронаи ин шахсияти наҷиб мебошанд.
Имрӯзҳо ин рисолати сулҳофарии Пешвои миллат аз доираи манфиатҳои ҷуғрофӣ-сиёсии як миллату як давлат ва наслҳои ояндаи он берун шуда, фарохтар аз он барои сулҳ дар тамоми баҳру бар ва барои наслҳои ояндаи кураи Замин равона шуда, аз ин лиҳоз ин ташаббуси наметавонист аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ қабул нагардад. Пешвои миллат ҳамчун сиёсатмадори хирадманду закӣ ва дурандеш набзи сайёраро эҳсос карда, ҳамеша ба рӯзномаи Маҷмааи Умумии СММ масъалаҳоеро пешбарӣ менамоянд, ки афкори ҷомеаи ҷаҳонро тасхир ва онро ба таври мусбӣ такон медиҳаду боиси қабули қарорҳое мегардад, ки ба нафъи тамоми мардуми сайёра аст. Чунин хирадмандию дурандешӣ ва зиракии сиёсии Пешвои миллат, албатта, лоиқи таҳсин ва боиси ифтихори тоҷикони ҷаҳон мебошад.
Бо истифода аз ин фурсат, тамоми сокинони кишварро бо ин дастоварди муҳими таърихӣ ва сиёсӣ муборакбод менамоем.
Зинда бод халқи тоҷик бо Пешвои сулҳофараш!
САФАРЗОДА Баҳриддин
Прокурори ноҳияи
И.Сомонии шаҳри Душанбе,
мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3