ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

27.06.2026 14:31

 
ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!
Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз таҳти сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29-умин солгарди ҷашни сарнавиштсози миллат, Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо шукргузорӣ ва ифтихор аз сулҳу салоҳ ҷашн мегиранд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи сокинони шарафманди ноҳияи Исмоили Сомониро ба муносибати яке аз муҳимтарин ва муқаддастарин санаҳои таърихи давлатдории навини тоҷикон – Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният менамоям.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо як ҷашни давлатӣ, балки рамзи эҳёи давлатдорӣ, таҳкими суботи сиёсӣ ва пойдории ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Ин рӯз ба мо хотиррасон месозад, ки сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа арзишҳое мебошанд, ки бо осонӣ ба даст наомада, бо заҳмат, хиради сиёсӣ ва иродаи устувори халқ таъмин гардидаанд.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз як давраи ниҳоят ҳассоси таърихӣ гузашта, ба марҳилаи нави рушду пешрафт ворид гардад.
Ин марҳила бо бунёди низоми устувори давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқиву сиёсӣ ва рушди босуръати соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ алоқамандии зич дорад.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 ба имзо расид, дар таърихи давлатдории тоҷикон як рӯйдоди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин санади муҳим на танҳо ба хотимаи даргириҳо мусоидат намуд, балки ба мардуми Тоҷикистон имконият дод, ки ба ҳаёти осоишта баргашта, неруи худро ба созандагӣ ва бунёдкорӣ равона созанд.
Имрӯз мо натиҷаҳои ин сулҳу суботро дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба таври равшан мушоҳида менамоем.
Дар кишвар ҳамасола садҳо инфрасохтори муосир бунёд гардида истодааст, соҳаҳои маорифу тандурустӣ рушд мекунанд, сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ беҳтар мегардад ва иқтисоди миллӣ марҳила ба марҳила устувор мешавад. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи мустақими ваҳдати миллӣ ва фазои ороми сиёсӣ мебошанд.
Ваҳдати миллӣ танҳо як дастоварди таърихӣ нест, балки раванди доимист, ки ҳифз ва таҳкими он аз ҳар як шаҳрванди кишвар масъулияти баланд талаб мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ босуръат идома дорад, нигоҳ доштани сулҳу субот ва якпорчагии ҷомеа аҳамияти хоса пайдо намудааст.
Дар ин замина, ҳар як фарди ҷомеа бояд дарк намояд, ки ояндаи давлату миллат аз сатҳи худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандии ӯ вобаста мебошад. Танҳо дар сурати ҳамбастагӣ ва муттаҳидӣ мо метавонем дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намуда, барои наслҳои оянда давлати устувор ва пешрафта боқӣ гузорем.
Ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамчун маркази маъмурии пойтахти кишвар дар раванди татбиқи сиёсати давлатӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ нақши муҳим дорад.
Дар ҳудуди ноҳия даҳҳо лоиҳаҳои бунёдкорӣ амалӣ гардида, инфрасохтори шаҳрӣ ба сатҳи нав бароварда мешавад.
Ин ҳама натиҷаи меҳнати содиқонаи сокинон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мо бо ифтихор метавонем изҳор намоем, ки сокинони ноҳия, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон, зиёиён ва ҷавонон дар татбиқи сиёсати созандаи давлат саҳми арзанда мегузоранд. Ин раванд далели возеҳи устувории ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва худшиносии таърихӣ мебошад. Ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа бояд дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими сулҳу субот фаъолона иштирок намоянд.
Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо рамзи гузашта, балки заминаи ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Мо вазифадорем, ки ин арзиши муқаддасро ҳамчун гавҳари бебаҳо ҳифз намуда, барои тақвияти он ҳамеша саъю талош намоем.
Мо бояд баҳри ободии Ватани худ дар паҳлуи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста дар сиёсати пешгирифтаи он устувор бимонем ва сидқан Ватани худамонро дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем.
Бори дигар, тамоми сокинони шарафманди ноҳияро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, сиҳати саломатӣ, хотирҷамъӣ, баракати рӯзгор ва ба ватани азизамон Тоҷикистони ҳамешабаҳор ваҳдати ҷовидонро орзу менамоям.
Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамеша поянда бошад, Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободу зебо гардад ва мардуми шарафманди он дар фазои сулҳу оромӣ зиндагии шоиста ба сар баранд.
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак
бошад ҳамватанони азиз!