БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
12.06.2026 13:42

Имрӯз, бо мақсади татбиқи самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 2025, №403 «Дар бораи Нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2027» ва иҷрои қарори дахлдори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 14 марти соли 2026, №30 аз ҷониби аъзоёни комиссияи байниидоравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар самти муқовимат ба савдои одамон дар толори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе миёни кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустии ҳудуди ноҳия Конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Роҳҳои пешгирии муқовимат ба савдои одамон» баргузор гардид.
Конференсияро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Зоҳидзода Аҳмад ифтитоҳ намуда, оид ба аҳамияти муқовимат ба савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои пешгирикунанда суханронӣ намуд.
Дар идома, муовини сардори шуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники милитсия - Саидзода Баҳрулло, сардори шуъбаи кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, подполковники милитсия - Табарзода Абдурозиқ, мудири бахши фарҳанги МИҲД-и ноҳия - Раҳмонзода Дилрабо ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия - Назарзода Манучеҳр оид ба роҳҳои пешгирии савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ маърӯза намуданд.
Пеш аз оғози Конференсия аксияи тарғиботӣ-ташвиқотӣ таҳти унвони "Муқобили савдои одамон якҷоя мубориза мебарем" доир карда шуда, дар натиҷа варақаҳои тарғиботӣ (буклет) дастраси иштирокчиёни конференсия гардонида шуд.