ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
28.05.2026 11:03

Санаи 26 майи соли 2026, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.
Дар даври ноҳиявии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия фаъолона ширкат варзида, маҳорати суханварӣ, дониши адабӣ ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи номинатсияҳои озмун ба намоиш гузоштанд.
Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорат, сатҳи омодагӣ ва тарзи баромади иштирокчиён баҳои воқеъбинона дода, беҳтаринҳоро аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо муайян намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Зимни ҷамъбасти озмун масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ дар рушду ташаккули тафаккури созандаи наврасону ҷавонон, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим дорад.
Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайати ҳакамон, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва ҳамаи нафароне, ки дар ташкил ва баргузории даври ноҳиявии озмун саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуда, ба иштирокчиён дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои нав таманно карданд.