АТТЕСТАТСИЯИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ

22.05.2026 15:57

 
Санаи 21 майи соли 2026, ар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади ҷобаҷогузорӣ ва тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизмати давлатӣ аз ҷониби Комиссияи аттестатсионии дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндаи ваколатдори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аттесатсияи навбатӣ гузаронида шуд.
Дар рафти гузаронидани аттестатсия аз хизматчиёни давлатӣ фаъолият тибқи дастурамал ва уҳдадориҳои мансабӣ, донистани муқаддасоти миллӣ, забонҳои хориҷӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ пурсида, сатҳи дониши онҳо муайян карда шуд.