ҲАМОИШӢ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА "РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН" ВА "РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ" ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

22.05.2026 11:37

 
Санаи 19 майи соли 2026, ба ифтихори “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар Варзишгоҳи Душанбе Арена бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳонии футбол” бо ҷалби варзишгарон, наврасону ҷавонон, кормандону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони сохторҳои ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур Раҳимзода Толиб Карим — муовини Раиси шаҳри Душанбе, Қодирзода Руслан Раҷаб — Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Шокирзода Муҳаммадтолиб — муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки футбол аз навъҳои оммавитарини варзиш ба шумор рафта, дастовардҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё оид ба футбол, бешубҳа, аз неруву иқтидор, сатҳи солимӣ ва маънавии ҳар миллат гувоҳӣ медиҳанд. Мо ифтихор дорем, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад, ки ин ташаббус аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Дар идомаи ҳамоиш дастаҳои ғолиб, ки дар мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуда, барандаи “Ҷоми Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ” гардиданд, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроия ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш баҳри болидаруҳии ҳозирин барномаи фарҳангӣ бо ҷалби сарояндагони шинохтаи кишвар баргузор гардид.