ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ОМОДАГИҲО БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ТАҚВИЯТ ЁФТА, “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОИЛА” ТАҶЛИЛ ГАРДИД

18.05.2026 07:12

 
Санаи 14 майи соли 2026, таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ҳамоиш масъалаҳои марбут ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раванди корҳои ободонию созандагӣ, бунёду навсозии иншоот ва саҳми сокинону фаъолони ноҳия дар рушди пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон бахшида ба “Рӯзи байналмилалии оила” таъкид гардид, ки оилаи солим ва устувор заминаи асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб рафта, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ маҳз аз муҳити оила оғоз меёбад. Дар ин замина сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои оиладорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ пайваста амалӣ гардида истодааст.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор оилаҳои намунавии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки дар ҷомеа обрӯву нуфуз дошта, дар тарбияи фарзандони шоиста ва таҳкими арзишҳои оилавӣ саҳми арзанда мегузоранд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.