МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ВА «ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

02.05.2026 09:53

 
Санаи 1 майи соли 2026, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар толори МТМУ №12 маросими ҷоизасупории ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа - Манижабону Аминзода, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҳайати кумитаи тадорукоти озмун, ҳакамон, ғолибон, омӯзгорон ва волидайни ғолибон ширкат варзиданд.
Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабии Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстӣ, инчунин рушди маънавии ҷомеа роҳандозӣ гардида, ҷиҳати ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба мутолиаи осори классикӣ нақши муассир дорад.
Ҳамзамон, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» бо ҳадафи рушди санъати миллӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав, бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандон ҳамасола баргузор мегардад.
Даври ноҳиявии озмунҳои зикршуда, тибқи Низомнома нимаи дуюми моҳи апрели соли ҷорӣ баргузор карда шуда, имрӯз ғолибон дар фазои тантанавӣ бо Ҷом, диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардида, ба даври шаҳрии озмунҳо роҳхат гирифтанд.