БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

23.04.2026 07:02

 
Санаи 22 апрели соли 2026, таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои дар нақшаи тасдиқнамудаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Прокуророни калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Юсуфзода Юсуф Сангаҳмад, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 ва Муҳаббатзода Шарифа Сотим, ҳуқуқшиноси дараҷаи 2, инчунин Сафарзода Баҳриддин Сафар, прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷумла, иштирокчиён вобаста ба аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025, таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва гиромидошти забони давлатӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба рафти иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» ва «Дар бораи муқовимат ба терроризм» мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён ҳамзамон ба татбиқи «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он барои солҳои 2026–2030 таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, доир ба роҳҳои самараноки татбиқи он пешниҳодҳо иброз доштанд.
Дар идомаи вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, баҳодиҳии вазъи қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, иштироки ғайриқонунии шаҳрвандон дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ, маблағгузории терроризм, инчунин пешгирии нашъамандӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, вазъи соҳаи маориф, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткории ноболиғону ҷавонон, роҳ надодан ба таълимоти ғайриқонунии динӣ, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Дар фарҷом, ба масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон ва таъмини иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.