БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

22.04.2026 07:04

 
Санаи 21 апрели соли 2026, дар толори Консерваторияи милии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов бо ҷалби доираи васеи иштирокчиён даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» оғоз гардид.
Дар даври мазкур 160 нафар довталабони синну соли гуногун аз рӯйи номинатсияҳои: сарояндагӣ, овозхонӣ, навозандагӣ ва композиторӣ иштирок намуда аз ҷониби ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бедор намудани шавқу рағбати сокинони касбу кори гуногун, махсусан ҷавонону наврасон ба санъати асили миллӣ ва тарбияи маънавии шаҳрвандони кишвар роҳандозӣ гардида, ҳамасола бо як шукуҳу шаҳомати хосса бо ҷалби бештари иштирокдорон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мегардад.