ФЕСТИВАЛИ ГУЛҲО «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»
10.04.2026 15:21

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952, талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2026, №209 ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16 марти соли 2026, №31 «Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар панҷ номинатсия, аз ҷумла «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ва хиёбони беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва «Композитсияи беҳтарин», чорабини дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Раҳимзода Нурулло Сайфулло доир гардида, ғолибон бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.




