БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
02.04.2026 13:19

Имрӯз бо мақсади иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи баргузор намудани озмуни стипендияҳои Раиси шаҳри Душанбе» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни стипендияи мазкур миёни хонандагони литсейу гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди ноҳия дар толори Муассисаи давлатии «Литсейи №3» доир гардид.
Дар кори озмун муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ — Аминзода Манижабону, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе — Бобохонзода Раҷабалӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия — Назарзода Манучеҳр, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия, мудири шуъбаи маорифи ноҳия — Маҷидзода Ҷамшед ва дигар масъулин иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар озмун 274 нафар довталаб иштирок намуданд. Пас аз ҷамъбасти даври ноҳиявӣ, нафарони арзанда барои иштирок дар даври шаҳрии озмуни мазкур пешниҳод карда мешаванд.