ХИЗМАТ БА ВАТАН — ШАРАФУ НОМУС ВА РИСОЛАТИ ҲАР ЯК ҶАВОН АСТ
02.04.2026 07:56

Санаи 1 апрели соли 2026 бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2026, №1143 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999–2008-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» ва маросими рӯзи аввали гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар фазои тантанавӣ, зери садои карнаю сурнай ва бо баргузории барномаи фарҳангӣ, теъдоди назарраси ҷавонони ноҳия ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Ба муносибати гусели наваскарон дар саҳни Комиссариати ҳарбии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб, муовинони Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроия, навдаъватшудагон ва падару модарони онҳо чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Зимни баромади хеш Раиси ноҳия муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб ба падару модарони навдаъватшудагон муроҷиат намуда, барои тарбияи чунин ҷавонони шуҷову далер изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.
Дар анҷом, наваскарон дар фазои тантанавӣ бо рӯҳияи баланди идона ва дуои неки падару модарон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.