ТАНТАНАИ БОШУКӮҲИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР РАЁСАТИ ИСТИФОДАБАРИИ РОҲҲОИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

30.03.2026 17:18

 
Имрӯз дар Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии тантанавӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди миллӣ баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиши бошукӯҳ муовини Раиси шаҳри Душанбе — Раҳимзода Толиб Карим, роҳбарият ва кормандони сохторҳои гуногун, инчунин фаъолону сокинони ноҳия иштирок намуданд.
Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат, оғози фасли баҳор ва таҷассумгари арзишҳои волои инсондӯстӣ, дӯстиву ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Ин ҷашни бостонӣ, ки реша дар умқи таърих дорад, мардумро ба некӣ, созандагӣ ва эҳтироми суннатҳои миллӣ ҳидоят менамояд.
Зимни баргузории чорабинӣ намоиши анъанаҳои миллӣ ба роҳ монда шуда, либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикона пешкаши ҳозирин гардиданд. Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандон фазои идонаро рангин намуда, бо суруду мусиқӣ, рақсу бозиҳои миллӣ хотири иштирокдоронро болида гардонид.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъол барои хизматҳои шоён ва саҳми арзанда дар фаъолияти меҳнатӣ ифтихорномаҳо тақдим карда шуданд.
Бояд зикр намуд, ки баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ба таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва боло бурдани руҳияи ватандӯстии ҷомеа мусоидат намуда, ҷойгоҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ боз ҳам таҳким мебахшад.