БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

30.03.2026 07:22

 
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва рамзи эҳёи табиат имрӯзҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ин иди муқаддас муждаи баҳору зиндагии нав оварда, ба қалби мардум рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Бо ҳамин мақсад, санаи 24 марти соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ нахуст меҳмонон ва иштирокчиён аз намоиши дастовардҳои хоҷагии халқ, маҳсули корхонаҳои маҳаллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид ба амал оварданд. Баъдан, қисмати расмии чорабинӣ дар амфитеатри боғ оғоз ёфт.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Наврӯз ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ дар тӯли асрҳо арзишҳои волои инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ободкориро тарғиб намуда, то имрӯз аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Ҳамзамон зикр шуд, ки бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи роҳбарияти олии кишвар, таҷлили Наврӯз сол то сол дар сатҳи баланд баргузор гардида, барои муаррифии фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта ва гурӯҳҳои ҳунарии маҳаллӣ пешниҳоди ҳозирин гардида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса зам намуд.