СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ЧОРАБИНИҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

30.03.2026 07:08

 
Санаи 24 марти соли 2026, дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ чорабиниҳои идона бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Файзиддинзода Бунафша, муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Толиб Карим ва Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб иштирок намуданд.
Ҳамзамон, роҳбарият ва кормандони сохторҳои гуногун, фаъолону сокинони ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Занону бонувон бо либосҳои миллии тоҷикӣ ҳусни чорабиниро зебу зинат бахшида, бо оростани дастархонҳои идона, пешниҳоди таомҳои миллӣ ва баргузории рақсу бозиҳои суннатӣ фазои идонаро боз ҳам рангин намуданд.
Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, таҷассумгари анъанаҳои неки Наврӯзӣ ва фарҳанги ғании миллати тоҷик арзёбӣ мегардад.