ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ
20.03.2026 17:49

Ҳамватанони азиз,
Сокинони шарафманди ноҳияи Исмоили Сомонӣ
Имрӯз мо дар фазои идона ва бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ яке аз куҳантарин ва зеботарин ҷашнҳои тамаддуни башарӣ — Наврӯзи байналмилалиро таҷлил менамоем.
Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ҳамаи сокинони ноҳия ва ҳамватанони гиромиро бо фарорасии қадимтарин ва густурдатарин ҷашни мардуми ориётабор – Иди байналмилалии Наврўз аз самими қалб табрик намуда, ба хонаводаи ҳар як фарди кишвар файзу нусрат, ободиву хушбахтӣ ва комгориву саодатмандӣ таманно менамоям.
Дар воқеъ, Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу ҳамбастагӣ мебошад. Ин ҷашни пуршукуҳ аз умқи ҳазорсолаҳо сарчашма гирифта, бо арзишҳои олии фарҳангӣ ва маънавии худ то имрӯз дар қалби мардум ҷойгоҳи хос дорад.
Наврӯз моро ба меҳру муҳаббат, некӣ, созандагӣ ва эҳтироми якдигар раҳнамоӣ мекунад.
Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ чун Ватани Наврўз эътироф гардида, кулли мамолики сайёра ин ҷашни куҳану ваҳдатофаринро бо риояи тамоми суннату оинҳои неки наврўзӣ таҷлил менамоянд.
Мо бояд ҳамеша ифтихор намоем, ки имрӯзҳо Наврӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад.
Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуда, имрӯз ҳамчун ҷашни дӯстии халқҳо ва тамаддунҳо шинохта шудааст.
Бори дигар ҳамаи ҳамватанони азизро ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди тоҷик саломатии бардавом, рӯзгори обод, комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидонаро орзу менамоям.
Ҷашни байналмилалии Наврӯз муборак бошад, ҳамватанони азиз!