ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
19.03.2026 15:10

Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хоса Шуморо ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони ноҳия сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва файзу баракат таманно менамоям.
Иди саиди Фитр ҳамчун ҷашни покиву тақво, раҳму шафқат, сабру таҳаммул ва меҳрубонӣ дар ҷомеа мақоми хоса дошта, мардумро ба якдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобила ва корҳои хайру савоб раҳнамо месозад. Дар ин рӯзҳои муборак анҷом додани амалҳои нек, дастгирии ниёзмандон ва таҳкими арзишҳои ахлоқиву маънавӣ бештар аҳамият пайдо мекунад.
Мо ифтихор дорем, ки сокинони ноҳия бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ дар самти пешбурди корҳои созандагӣ, ободонию шукуфоӣ ва таҳкими сулҳу субот саҳми арзанда мегузоранд. Итминон дорам, ки минбаъд низ ин анъанаҳои неки ҳамдилию ҳамбастагӣ идома ёфта, барои рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамзамон, бо истифода аз фурсат, ба ҳар як сокини ноҳия саломатии бардавом, умри дароз, ризқу рӯзии фаровон ва саодати зиндагиро орзу намуда, таъкид менамоям, ки риояи сарфакорӣ ва пешгирӣ аз исрофкорию хароҷоти зиёдатӣ яке аз арзишҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин робита, пайравӣ аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи оқилонаи неъматҳо барои ҳар як шаҳрванд вазифаи муҳим маҳсуб меёбад.
Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Иди мубораки Фитр табрик гуфта, ба ҳар хонадон сулҳу суботи пойдор, баракати рӯзгор ва хушбахтию осоиш таманно менамоям.
Иди саиди Фитр муборак бошад!