БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ ПАНҶУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ
18.03.2026 14:29

Санаи 17 марти соли 2026 таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони Раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳиявӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тадсиқ намуданд.
Рӯзномаи иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, даъвати ҳафтум аз рӯйи масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуд:
- Гузориши Раиси комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳавзаи интихоботии №27.
- Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 14 марти соли 2025, №11.
- Ҳисоботи Раҳимзода Нурулло Сайфулло – муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷараёни иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 сентябри соли 2025, №560 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 дар шаҳри Душанбе” дар ноҳия.
- Ҳисоботи Манижабону Аминзода – муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №567 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар ноҳия .
- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Бурҳонзода Зафарҷон Шарифӣ – Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ “Оид ба масъалаҳои буҷет, савдо ва нарх, хизмати майишӣ, меҳнат ва сиёсати иҷтимоӣ”.
- Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ.
Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Қодирзода Руслан Раҷаб аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврузи байналмилалӣ ва 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро дар ноҳия ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия камари ҳиммат банданд.