ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ПРОКУРАТУРА ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

14.03.2026 17:38

 
Имрӯз таҳти роҳбарии Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб дар якҷоягии бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ба муносибати Рӯзи кормандони мақомоти прокуратура қадрдонии кормандони прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзода Руслан Раҷаб ва роҳбарони сохторҳои қудратии ҳудуди ноҳия масъулини соҳаро табрику шодбош намуда, зикр намуданд, ки мақомоти прокуратура дар ҳифзи волоияти қонун, таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нақши муҳим доранд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти содиқонаву масъулиятноки кормандони прокуратура дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳкими суботу амният дар ҷомеа мусоидат менамояд.
Дар фарҷом аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои хизмати содиқона ва фаъолияти пурсамар ба кормандони прокуратураи ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.