ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ ҚОДИРЗОДА РУСЛАН РАҶАБ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

11.03.2026 06:55

 
Модарони азиз, хоҳарони меҳрубон ва бонувони арҷманд!
Бо самимияти бепоён ва бо ифтихор аз нақши созандаи Шумо дар ҷомеа, ҳамаи шуморо ба муносибати иди зебои баҳорӣ — Рӯзи Модар табрику таҳният мегӯям.
Модар ягона мавҷудотест, ки оламро бо нури муҳаббат ва покии қалбаш мунаввар месозад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми зан-модар фармудаанд: “Модар сарчашмаи ҳаёт, бақои насли инсон ва заминагузори асосии тарбияи фарзанд мебошад”.
Имрӯз занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа — аз маорифу тандурустӣ то идоракунии давлатӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ содиқона заҳмат кашида, дар шукуфоии ватани азизамон саҳми босазо мегузоранд. Мо ба ҳиммат, сабр ва фидокории шумо арҷ мегузорем.
Модарони гиромӣ!
Дар ин рӯзи нек ба ҳамаи шумо,саломатии бардавом, умри бобаракат, хушбахтии оилавӣ, хонаи обод, иқболи баланд ва дар тарбияи фарзандон ба камол расонидани шахсони худшиносу ватандӯстро таманно дорам.
Бигзор чеҳраи шумо ҳамеша мисли гулҳои баҳории диёрамон хандону шукуфон бошад ва файзу баракат меҳмони ҳамешагии хонадони шумо бимонад!
Ид муборак бошад, Модарон, хоҳарон ва бонувони арҷманд!